- гирд
- [گرد]1. доирашакл, мудаввар2. атроф, давр, пиромун; гирди… // ба гирди… дар атрофи…, пиромуни…, ба даври…; аз гирди… аз атрофи…, гирдогирди…; гирдгирди… атрофи…, давродаври…; гирду атроф // гирду канор // гирду пеш давродавр, ҳама ҷониби маҳалле, атроф; гирд гаштан давр задан; гирди чизе гаштан дар атрофи чизе чарх задан, давродаври чизе гаштан; гирд гардондан чарх занондан, тоб додан; гирд нишастан доира нишастан, давра зада нишастан; гирд овардан ҷамъ кардан, ғун кардан; гирд омадан ҷамъ шудан, ғун шудан; гирди номи касе гаштан аз паси касе болидан, обрӯи каси дигарро паноҳгоҳи худ қарор додан: гирду ғун кардан ба тартиб андохтан, ба тартиб овардани чизе
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.